Ҷумъахонзода Ҷамшед масъалаҳои рушди ҳамкориҳои судмандро бо Манабу Симоясиро муҳокима намуд

        19 феврали соли 2019 дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии Раиси ПСС ҶТ бо Директори Генералии Ташкилоти Ҷопон оид ба рушди савдои беруна  JETRO бо намояндаги дар шаҳри Тошканд Манабу Симоясиро ва Ассистенти Директор JETRO Коки Оно баргузор гардид.

        Мақсади асосии ташрифи намояндагони ташкилоти Ҷопон ба шаҳри Душанбе ин пеш аз ҳама ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд байни бахшҳои хусусии ду давлат ба воситаи ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба соҳаҳои афзалиятноки ду давлат ба шумор меравад.

      Ҷумахонзода Ҷамшед иброз намуд, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва савдои Тоҷикистон бо Ҷопон барои бахши хусусии Тоҷикистонӣ диққатҷалбкунанда мебошад. Тамоми сайю кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкил намудани фазои мусоид барои бахши хусусӣ равона карда шудааст. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми эълон гардидааст. Стратегияи милли рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 қабул гардидааст, ки дар он як қатор афзалиятҳои рушд дар самтҳои рушди таъмини даромаднокии баланд ва ба содирот нигаронидашудаи соҳаи кишоварзӣ муайян гардидааст.

Зимни вохурӣ, Раиси Палата маълумоти мухтасарро доир ба самтҳои афзалиятноки соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуданд.

Манабу Симоясиро доир ба диққати махсуси бахши хусусии Ҷопон оид ба рушди ҳамкориҳои дарозмӯҳлат бо истеҳсолкунандагони маҳсулотҳои хӯрокаи аз ҷиҳати экологӣ тозаро зоҳир намуд.

Тоҷикистон – ин яке аз мамлакатҳои дорои бозори рақоботпазир ба ҳисоб рафта ва бо дастгирии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мо метавонем байни бахши хусусии ду давлат ҳамкориҳои судмандро васеъ намоем – иброз дошт Манабу Симоясиро.

Тибқи ахбороти Манабу Симоясиро, фаъолияти JETRO асосан ҷалб ва даъват намудани ҳайатҳои хурду миёнаи бахши хусусии Ҷопон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба онҳо кӯмак намудан дар масъалаҳои шиносоӣ бо бахшҳои хусусии давлати кӯҳиро дар бар мегирад.

 Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои мубодилаи ахборотии бахшҳои хусусии ду давлат ва дида баромадани масъалаҳои иштироки соҳибкорони тоҷикистонӣ ва иштироки соҳибкорони ҷопониро дар намоишгоҳҳое, ки дар қаламрави якдигар баргузор мегарданд, зоҳир намуданд.

 

Маркази матбуотии ПСС ҶТ

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL