Намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон-2019”

        Муҳтарам Роҳбарони корхонаҳо ва ташкилотҳо аъзоёни  Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эњтиромона ба маълумоти шумо мерасонад, ки аз 28 то 31 марти соли 2019 дар шаҳри Душанбе, Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» Намоишгоҳи  байналмилалии универсалии “Тоҷикистон-2019” (Бањор) баргузор мегардад. Дар доираи баргузории Намоишгоҳ рўзи 28 марти соли 2019 соати 15:00 дар толори маљлисгоњи МД «Кохи Борбад» Бизнес-Форуми доираи соҳибкорон ташкил карда мешавад.

     То имрӯз намояндагони ширкатњо аз: Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Афғонистон ва Тоҷикистон  иштироки худро тасдиќ намудаанд.

     Ширкати Шумо њамчун иштирокчии Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2019» (Бањор) имконият дорад, ки фаъолияти ширкати худро муаррифї намуда, доираи ҳамкориҳоро бо шарикони хориҷї васеъ намояд.

     Барои аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дар кори Намоишгоҳ бо дарназардошти тахфиф хароҷоти иҷораи ѓурфањои намоишгоњї барои як метри мураббаъ 50 доллари ИМА ва бақайдгирии иштирокчиён 50 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. 

     Ба арзиши иљораи ѓурфањои намоишгоњї миз, ду курсї, чоп ва васли номгўи ширкат дар ѓурфа, барқ, тозакунии ѓурфа ва бехатарї дохил мешаванд.

    Палатаи савдо ва саноати Љумњурии Тољикистон Шуморо барои  иштирок намудан дар Намоишгоњ ва Бизнес-Форуми доираи соҳибкорон даъват менамояд. Мо инчунин умедворем, ки кормандони шумо аз намоишгоҳи мазкур дидан менамоянд.

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL