Аваза
Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтироми хосаи худро баён намуда, ба маълумоти Шумо мерасонад, ки санаи 12 августи соли 2019 дар минтақаи миллӣ, сайёҳии “Аваза” шаҳри Туркменбаши Ҷумҳурии Туркменистон форуми иқтисодӣ баргузор мегардад, ки дар он масъалаҳои соҳаи туризм, муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, соҳаи энергетика, соҳаи кишоварзӣ баррасӣ карда мешавад.
Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.
Маълумоти бештарро шахсони тавваҷӯҳдошта метавонанд аз сомонаи ташкилкунандагони намоишгоҳ: embturkmminsk@gmail.com тел: +375172325680 пайдо намоянд.