«Мелаи деҳқон»

Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон

       Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтироми хосаи худро баён намуда ба маълумоти Шумо мерасонад, ки аз санаи 22 то 26 марти  соли 2019 дар маҷмааи  Бодомбоғи шаҳри Кобул, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон намоишгоҳи «Мелаи деҳқон» баргузор мегардад. Ба ин чорабинӣ ширкатҳо, соҳибкорон, тоҷирон, ва сармоягузорони байналмилалие, ки дар соҳаи кишоварзӣ, технологияи муосири кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд даъват гардидаанд.

Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

      Маълумоти  бештарро шахсони таваҷӯҳдошта  метавонанд  аз сомонаи  ташкилкунандагони намоишгоҳ:      privatesector.development@mail.gov.af   ё  e-mail: agfair@mail.gov.af   тел: +93744371757 пайдо намоянд.

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL