Намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ дар шаҳри Лохэи музофоти Хенани Ҷумҳурии мардумии Чин
Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона ба маълумоти Шумо мерасонад, ки санаҳои 16-18 майи соли 2019 17-умин Намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ дар шаҳри Лохэи музофоти Хенани Ҷумҳурии мардумии Чин баргузор мегардад.
Намоишгоҳи мазкур яке чорабиниҳои муҳимми муаррифии маҳсулоти хӯрокворӣ дар Чин ба шумор рафта, дар ҳошияи он як Қатор масъалаҳои ҳамкорӣ, табодули таҷриба ва муаррифии дастовардҳои соҳаи истеҳсоли маводи хӯрока баррасӣ хоҳанд шуд.
Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.
Маълумоти муфассалро Шумо метавонед аз сомонаи ташкилкунандагони намоишгоҳ: http://www.foodexpolh.com, ё ин ки тариқи телефонҳои:0086-10-59763007, 18601948296 пайдо намоед.