Санаҳои 16-18 апрели соли 2019 24-умин Намоишгоҳи байналмилалии «Здравоохранение-TIHE 2019 »
Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки санаҳои 16-18 апрели соли 2019 24-умин Намоишгоҳи байналмилалии «Здравоохранение-TIHE 2019 » дар бинои Маҷмааи миллии намоишгоҳии «Узэкспоцентр»-и шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад.
Қисми асосии намоишгоҳро техника ва таҷҳизоти тиббӣ; таҷҳизот барои саноати фармасевтӣ; таҷҳизоти дандонпизишкӣ; маҳсулоти тиббӣ ва доруворӣ дар бар мегирад.
Дар доираи намоишгоҳ семинарҳо, «B2B» вохуриҳо барои мутахассисони соҳаи тибб ба нақша гирифта шудаанд.
Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.
Маълумоти муфассалрро Шумо метавонед аз сомонаи ташкилкунандагони намоишгоҳ:www.tihe.uz, e-mai: yana_ivanova@kongress-servis.uz, ё ин ки тариқи телефони: +998 71 2051414 пайдо намоед.