“Тоҷ Сармоя”
Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки Ташкилоти байнахалқии инвеститсионӣ машваратии “Тоҷ Сармоя” санаи 20 апрели соли 2019 баргузории Форуми байналмилалии инвеститсионии Тоҷикистон-2019-ро дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” ба нақша гирифтааст.
Мавзӯи асосии Форумро рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодиёт ташкил дода, иштирок дар чорабинии мазкур тариқи пардохти маблағ муайян гардидааст.Инчунин, барои иштирок дар чорабинии мазкур роҳбарон ва намояндагони шарикони рушд,Ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ, сармоягузорони хориҷӣ, дар назар аст.
Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.
Маълумоти муфассал ва номзадии худро, вобаста ба иштирок ва бақайдгирии он Шумо метавонед тариқи телефонҳои: +992900787878;
+992939909383, ё ин ки тариқи почтаи электронии:tojsarmoya@gmail.com.тасдиқ намоед.