“Қолинҳо ва саноати бофандагии Туркманистон-тамғаи машҳури байналмилалӣ”
Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки санаҳои 26-27 майи соли 2019 дар шаҳри Ашхободи Ҷумҳурии Туркманистон баргузории намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти бофандагӣ ва қолинбарорӣ “Қолинҳо ва саноати бофандагии Туркманистон-тамғаи машҳури байналмилалӣ” ба нақша гирифта шудааст.
Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.
Маълумоти муфассалро Шумо метавонед аз суроғаи электронии ташкилкунандагони чорабинӣ:
expo@online.tm, TmTextile@mail.ru, ё ин ки тариқи телефонҳои: (+99312)398870, 398920, 407121, 407167 пайдо намоед.