Моҳи марти соли 2020 дар Шоҳигарии Баҳрайн баргузории 2-юмин Намоишгоҳи тиҷорати
Ба аъзоёни Палатаи савдо васаноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки моҳи марти соли 2020 дар Шоҳигарии Баҳрайн баргузории 2-юмин Намоишгоҳи тиҷоратии меҳмонхонавию тарабхонавӣ ба нақша гирифта шудааст.
Мақсади асосии намоишгоҳи мазкур зарурати баланд бардоштани аҳамияти ширкатҳои намоишдиҳанда бо пешниҳоди платформаҳои инноватсионӣ ва динамикии имконпазир ва кӯмак намудани онҳо дар ин самт мебошад.
Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.
Маълумоти муфассалро Шумо метавонед аз сомона ва суроғаи электронии ташкилкунандагони намоишгоҳ:
www.сulinaireandbeyond.com, khurram@culinaireandbeyond.com, ё ин ки тариқи телефонҳои : +973 17300070,
+973 34629552 пайдо намоед.