“Central Asia Houseware”
Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки санаҳои 29 феврал то 3 марти соли 2020 дар Маркази намоишгоҳи байналмилалии “Атакент”-и шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон 17-умин Намоишгоҳи байналмилалии зарф, техникаи электронӣ ва асбобҳои рӯзғор “Central Asia Houseware” баргузор мегардад.
Дар намоишгоҳи мазкур иштироки намояндаҳои ширкатҳои Беларус, Корея, Хитой, Туркия, Лаҳистон, Украина, Ӯзбекистон ва ғайра ба нақша гирифта шуда, дар доираи ин чорабинӣ B2B вохуриҳо баргузор хоҳанд гардид. Дар намоишгоҳ таҷҳизоти маишӣ, молҳои хоҷагидорӣ, маводҳои кимиёвӣ, маҳсулот барои саноати HoReCa пешкаш мегардад.
Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.
Маълумоти муфассалро Шумо метавонед аз сомона ва суроғаи электронии ташкилкунандагони чорабинӣ: www.houseware.kz пайдо намоед.