«ExpoDrev Russia»

Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки санаҳои 3-6 сентябри соли 2019 дар шаҳри Красноярски Федератсияи Россия XXI Намоишгоҳи махсуси «ExpoDrev Russia» баргузор мегардад.

   Қобили зикр аст, ки дар намоишгоҳи мазкур чунин бахшҳо аз қабили таҷҳизоти чӯббурӣ, таҷҳизот ва асбобҳо барои сохтмонҳои чӯбӣ, маҳсулоти чӯбӣ, хоҷагии ҷангал, ҳифзу барқароркунии ҷангал, сохторҳои сармоягузорӣ ва лизингӣ ва ғайра ҷой дода мешаванд.

   Ҳамзамон қайд менамоем, ки дар доираи ин чорабинӣ баргузории В2В вохӯриҳо ба нақша гирифта шудааст.

   Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

   Маълумоти муфассалро Шумо метавонед аз сомона ва суроғаи электронии ташкилкунандагони чорабинӣ: http://krasfair.ru/events/expodrev/, kan.cstpp@mail.ru , ё ин ки тариқи телефонҳои : +7-391-212-10-44, +7-902-923-75-09 пайдо намоед.

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL