Ҷамомади тантанавии кормандони Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 28-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Бахшида ба ҷашни 28-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6-уми сентябри соли 2019 ҷамомади тантанавии кормандони Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани тибрикотии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон оғоз гардид. Ҷамшед Ҷурахон ҳозирин ва дар симои онҳо ҳама шаҳрвандони дохиливу бурунмарзиро бо ин рӯзи фархунда табрик намуда ба онҳо беҳтарин таманиётҳои некро орзӯ намуд.

  Ҳамзамон, дар рафти суханронии худ муҳтарам Ҷумъахонзода Ҷамшед аз қаҳрамониҳову ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалї Раҳмон, ки аз замони истиқлолият ба даст оварданамон то ба имрӯз анҷом дода он ҳама комёбиҳои беназири мардуми кишварро  ёдовар шуданд.

   Инчунин оид ба кушодашавии Агрегати 2-юми НБО-и Роғунро суханрони намуда, ба ҳама миллати тоҷик ин дастоварди бебаҳои замони истиқлолиятро табрик гуфтанд.

    Қайд кардан ба маврид аст, ки дар рафти ҷамомад бо иштироки мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Бозорова Гулбону  ба як қатор кормандони ҷавони Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаи аъзогии Ҳизб супорида шуд.

   Дар охир муҳтарам Ҷамшед Ҷурахон аҳли нишастро барои қадрнамоии ин неъмати бебаҳо яъне истиқлолияти кишвар даъват намуда ба ҷавонон тавсия доданд, ки донишу малакаи касбии худро сайқал дода ба ватани худ содиқона хизмат намоянд.

 

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL