Бастани Ёддошти тафоҳум миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Зеркумитаи сохтмонию саноатии Синтсзян, Кумитаи пешбурди тиҷорати байналмилалии Ҷумҳурии мардумии Чин
Санаи 26.12.2019 сол, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷумъахонзода Ҷ.Ҷ бо муовини сардори Раёсати савдои Зеркумитаи сохтмонию саноатии Синтсзян, Кумитаи пешбурди тиҷорати байналмилалии Ҷумҳурии Мардумии Чин хонума Сун Хуантао ва ҳайати соҳибкорони он кишвар дар толори Палата вохӯрӣ анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ Раиси Палата меҳмонони чиниро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрақдам гуфта, оиди имкониятҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати сармоягузорӣ ва маълумотҳои заруриро ба меҳмонон шиносоӣ намуданд.
Хонум Сун Хуантао аз номи худ ва аз номи соҳибкорони ҳайат барои ташкил намудани вохӯрӣ ва барои меҳмоннавозии мардуми Тоҷикистон миннатдорӣ намуда қайд намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои шарикии мардуми Хитой ба ҳиоб меравад.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои баргузории Намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва ширкати соҳибкорони ду кишвар дар қаламрави якдигар, гузаронидани В2В (соҳибкор бо соҳибкор) вохӯриҳо ва мубодила намудани маълумотҳо байни ҳам, гуфтушунид гардид.
Дар охир байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Зеркумитаи сохтмонию саноатии Синтсзян, Кумитаи пешбурди тиҷорати байналмилалии Ҷумҳурии мардумии Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.