Вохурии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Синх

   Санаи 15 январи соли 2020 Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон бо Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон ҷаноби Вираҷ Синх ва котиби дуюм оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Сафорат ҷаноби Ҷагдил Капур вохӯрӣ намуд.

   Зимни вохӯрӣ, Раиси Палатаи савдо таъкид доштанд, ки дар соли 2020 содироти молу маҳсулотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии Ҳиндустон зиёд намуда, ҳамкориҳоро дар ин самт ҷиддӣ ба роҳ монанд. Зеро имрузҳо дар Ҳиндустон талабот ба маҳсулотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусан маҳсулотҳои соҳаи кишоварзӣ зиёд шудааст. Бо ин мақсад, Раиси Палата пешниҳод намуданд, ки дар соли 2020 иштироки соҳибкорони ҳарду кишварро дар намоишгоҳҳо, бизнес-форумҳо, бизнес-миссияҳо ва ярмаркаҳои байналмилалие, ки дар қаламрави якдигар баргузор мешаванд фаъол намоянд.

   Ҳамзамон таъкид гардид, иштироки соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои дар қаламрави Ҳиндустон баргузор шаванда низ имкониятҳои зиёдро барои баровардани молу маҳсулоти ба содирот нигаронидашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозорҳои Ҳиндустон, дарёфт намудани шарикони ҳамкор ва васеъ намудани ҳамкориҳои тиҷоратӣ фароҳам меоварад.

   Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мубрами рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузории Ҳиндустон ва Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Дар фарҷоми сӯҳбат Сафири Ҳиндустон ба Ҷамшед Ҷумъахонзода барои мулоқот миннатдорӣ баён намуда, омодагии худро барои ҳамкории пурсамар дар таҳкими муносибатҳои Ҳиндустону Тоҷикистон дар соҳаи иқтисодӣ изҳор намуд.

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL