Диққат! Мӯҳтарам аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Айни замон дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии машваратии махсус оид ба саволҳои андоз ба роҳ монда шудааст.

Шумо метавонед бо хизматрасониҳо тибқи рӯйхати дар поён нишондодашуда бархурдор гардед.

Хоҳишмандем ба ахбороти зерин диққат диҳед:

Тамоми саволҳо тариқи хаттӣ қабул карда мешаванд.

Арзиши хизматрасонӣ: Бастаи пойгоҳӣ ройгон ва бастаи иловагӣ дар асосӣ шартномавӣ пешниҳод мегардад.

                                    

 Номгӯи машваратҳо оид ба андоз ва андозбандӣ

 

Номгӯи хизматрасониҳо
1

 

Хизматрасонии асосӣ:

– Мусоидат ва назорат оид ба дурустии ҳисоб ва пардохти маблағҳои андозӣ дар доираи қонунгузории андози ҶТ, аз он ҷумла ААИ ва андоз аз фоида;

– Гузаронидани тренингҳо оид ба  масъалаҳои андоз ва андозбандӣ.

2

 

Хизматрасонии иловагӣ:

– Пешниҳоди хулосаҳои экспертӣ оид ба масъалаҳои баҳсталаб ва мураккаби қонунгузории андози ҶТ

 

– Ҳимояи манфиатҳои мизоҷ оиди ӯҳдадориҳои андозии ӯ дар назди мақомоти андоз – Ҳамроҳӣ ва ҳимояи манфиатҳои мизоҷ дар раванди санҷишҳои андозӣ

– Анҷоми корҳои илмӣ-тадқиқотӣ оиди андоз ва андозбандӣ

   

– Ҳимояи манфиатҳои мизоҷ оиди ӯҳдадориҳои андозии ӯ дар назди мақомоти андоз

 

Хизматрасонии мазкур аз ҷониби муттахассиси ботаҷрибаи соҳаи андоз Исломов Тоҳир гузаронида мешавад. Тел: +992 918 55 44 00

 

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL