Вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия
Санаи 31.01.2020 Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон бо Раиси Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия ҷаноби Ҷаҳонгир Фикрӣ Саатчиоғлу ва намояндаҳои ширкатҳои туркӣ, вохӯрӣ анҷом дод.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои баргузор намудани Намоишгоҳу ярмаркаҳо дар қаламрави кишварҳои якдигар, гузаронидани вохӯриҳои В2В (соҳибкор бо соҳибкор) бо иштироки соҳибкорони ду кишвар ва мубодила намудани маълумотҳо байни ҳам, гуфтушунид гардид.
Инчунин, дар рафти мулоқот Ҷаҳонгир Фикрӣ Саатчиоғлу омодагии соҳибкорони туркиро ки дар Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Туркия дар моҳи июни соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, дарҷ намуда, хоҳиш намуданд, ки дар рафти он бизнес-форум В2В (соҳибкор бо соҳибкор) низ ташкил карда шавад. Раиси Палатаи савдо хоҳиши меҳмононро қобили қабул шуморид.
Ҳамзамон, Раиси Палатаи савдо ва саноат, соҳибкорони Ҷумҳурии Туркияро ҷиҳати иштирок намудан дар Намоишгоҳҳои байналмилалии универсалии «Тоҷикистон», ки аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарсоле ду маротиба дар фаслҳои баҳору тирамоҳ ташкил ва баргузор карда мешавад, меҳмононро даъват намуданд.