Иштироки ширкатҳои тоҷикистонӣ дар намоишгоҳи байналмиллалии “Продэкспо-2020”

   Ҷиҳати иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбати ба Парлумони кишвар бармеоянд ва яке аз масъалаи асосие, ки дар он ҷой қайд гардид ин пеш аз ҳамма таъмин намудани иштироки ширкатҳои ватанӣ дар корӣ намоишгоҳҳои хориҷ ҷиҳати муаррифӣ намудани молу маҳсулотҳои ба содирот нигаронидашуда ва аз ҷиҳати экологӣ тоза Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Лоиҳаи тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, иштироки ширкатҳои ватаниро дар 27-умин Намоишгоҳи байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокӣ ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо — «Prodexpo-2020» ташкил намуд. Ҳадафи  он  муаррифии  маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза  ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат мебошад.

   Беш аз  10 ширкати тавлидотии Тоҷикистон аз навоҳии  тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон, ки ба истеҳсоли  нӯшокиҳои ташнагишикан, меваҳои хушк, лимӯ, сабзавот ва маҳсулоти консервашуда машғуланд, дастранҷи худро дар 27-умин Намоишгоҳи  маҳсулоти хӯрокворӣ, нӯшокиҳо ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо- «Prodexpo-2020», ки 10-уми феврали солӣ ҷорӣ дар маркази намоишгоҳи «Экспостентр»-и шаҳри Москва оғоз намуд, ба намоиш гузоштанд. Ширкатҳои мазкур дар  «ProdExpo-2020», ки   бузургтарин намоишгоҳи байналмилалии озуқаворӣ ва нӯшокиҳо дар Россия ва Аврупои Шарқӣ мебошад, маҳсулоти тозаи экологии Тоҷикистонро  муаррифӣ намуда истодаанд.

   Намоишгоҳи «ProdExpo-2020» беш аз 2600 нафар иштирокчиёнро аз 70 кишвари ҷаҳон дар Москва ҷамъ  овардааст.

   Дар ҷараёни намоишгоҳ вохӯрии содиркунандагони тоҷик бо шабакаҳои бузурги тиҷоратии гурӯҳҳои X5, Окей, Лента ташкил карда мешавад. Намоишгоҳи «Prodexpo 2020» то 14 феврали соли равон идома меёбад.

Маркази матбуотӣ ПСС ҶТ

 

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL