Медали тиллоии ширкати “Евро Азия-2005”

   Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иштироки ширкатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 27-умин Намоишгоҳи байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокиҳо ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо «ПродЭкспо-2020» иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 14-уми феврал дар озмуни “Маҳсулоти беҳтарин”, ки дар доираи ин намоишгоҳ баргузор гардид, обҳои ташнашикани “Лимонад №1” ва “Хаватаг №1 Докторская”-и  ширкати “Евро Азия-2005” соҳиби 2 медали тиллоӣ гардида, ҳамзамон таъсисдиҳандаи ин ширкат низ бо медал барои саҳмгузорӣ дар соҳаи истеҳсолоти хӯрокворӣ ноил гардид.

   Хотиррасон менамоем, ки Намоишгоҳи «ПродЭкспо-2020» аз 10-ум то 14-уми феврали соли равон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардида истода, дар ин Намоишгоҳ бештар аз 70 давлатҳои дунё ширкат варзида, беш аз 2600 иштирокчиёнро дар бар гирифт.

Маркази матбуотӣ ПСС ҶТ

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL