Вохурии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Осиёи Рушд
Санаи 17 феврали соли 2020 Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон бо Директори шӯъбаи маблағгузории инфрасохтории Бонки Рушди Осиё ҷаноби Ш. Чакраборти вохурӣ анҷом дод. Дар вохурии мазкур мутахассис оид ба сармоягузории БОР Алибек Абрахманов низ иштирок намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба вусъат бахшидани ҳамкориҳои миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёи Рушд дар масъалаҳои ҷалби сармояҳо ба лоиҳаҳои сармоягузории бахши хусусӣ суханронӣ намуданд.
Инчунин, Раиси Палатаи савдо ва саноат оид ба имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёди корхонаҳои истеҳсолї дар Тоҷикистон хусусан дар Минтақаҳои Озоди Иқтисодии кишвар, оид ба имтиёзҳои андозиву гумрукї дар самти ворид намудани техникаву технологияҳои муосири замонавї маълумотҳои муфассал дода, пешниҳод намудан, ки бо истифода аз имкониятҳои фарҳомовардашудаи кишвари мо ҳамкориҳоро низ дар ин самт вусъат бахшида, дар амалишавии ҳадафи чоруми мамлакат «Саноаткунонии босуръати иқтисодиёти кишвар» саҳми худро гузоранд.
Ҳамзамон Раиси Палата ба меҳмонон оид ба корбарӣ намудани Палата бо аъзоёни худ дар масъалаҳои дастгирӣ ва амалӣ гардидани лоиҳаҳои афзалиятнок, маълумот пешниҳод намуда қайд намуданд, ки дар мавриди ҳозира руйхати лоиҳаҳои бахши хусусӣ омода шуда истодааст.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ