Ба муносибати иди Модарон табрикот!
Муҳтарам Модарон, хоҳарон ва аъзоёни Палата! «Рӯзи Модар» ҳамчун рамзи меҳру муҳаббат, фазилату шафқат, ҳикмату маърифат, садоқату вафо, зебоӣ ва покиву сафо мебошад!
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо аз самими қалб бо ин рӯзи шараф, ки иди модарон дар Тоҷикистон машҳур аст табрик гуфта ба Шумо пеш аз ҳама тани сиҳат, хонаи обод, баракати кор, сарвати беандоза ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорад.
бо камоли эҳтиром,
Раиси Палатаи Савдо ва Саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон!