Васеъ намудани ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни доираи соҳибкорони вилояти Твери Федератсияи Россия ва доираи соҳибкорони Тоҷикистон.

   Бо мақсади рушди ҳамкориҳои дутарафа байни доираи соҳибкорони вилояти Твери Россия ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 19 марти соли 2020 дар толори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бизнес – миссияи намояндагони ширкатҳои вилояти Твери ФР баргузор гардид.

   Ташкилкунандагони чорабинии мазкур Палатаи савдо ва саноати ҶТ дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати вилояти Твери ФР бо дастгирии намояндагии тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

   Мақсади асосии баргузории ин чорабинӣ дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ барои дарёфти шарикони ҳамкори хориҷӣ, ворид шудан ба бозори ҷаҳонӣ ва мустаҳкам намудани муносибатҳои мутақобилан судманди ҳамкориҳои байни соҳибкорони Тоҷикистон ва вилояти Твери ФР, мебошад.

   Роҳбарии чорабинии мазкурро намояндаи Маркази ҳамоҳангсозии дастгирии субъектҳои содиркунандаи соҳибкорони хурду миёнаи вилояти Твери ФР – Потетенко Татяна Викторовна ба ӯҳда дорад.

   Инчунин дар ҳайати миссия 7 ширкат ва соҳибкорони инфиродӣ: ҶДММ «ВЕГА», ҶСП «ВЕРТЯЗИН», СИ Кузминский Игор Александрович, СИ Пономарёв Александр Николаевич, СИ Василева Оксана Геннадевна, ҶДММ «СИ продукт» ва Иттифоқи саноати ҷангал ва содироти   маҳсулоти ҷангали вилояти Твери ФР, ки соҳаи истеҳсоли чубу тахта, барқарор намудани ҷангал, мизу курсӣ ва мебелу таҷҳизотҳои тахтагин барои хона ва интерерҳои меҳмонхона, истеҳсоли молҳои кӯдакона, таҷҳизот барои саноати паррандапарварӣ, қисмҳои эҳтиётии мошин ва ғ., шомил мебошанд.

   То ибтидои кори Бизнес – миссия Раиси Палата Ҷумъахонзода  Ҷамшед Ҷурахон намояндаи тиҷоратии ФР дар ҶТ Коренков Е.А. – ро ба ҳузур пазируфтанд.

   Дар ҷараёни вохӯрӣ меҳмонон аз имконияту потенсиали ҶТ ва Минтақаҳои Озоди Иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоот гирифтанд. 

   Ҳамчунин аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати ҶТ 2 созишномаи ҳамкорӣ бо Фонди дастгирии рушди сармояи венчурӣ барои субектҳои соҳибкории хурду миёна дар соҳаи илмӣ – техникӣ ва ҶДММ «Центр деловых коммуникации»-и вилояти Твери ФР баста шуд.

  Дар кори Бизнес Форум зиёда аз 25 ширкатҳои аъзои Палата ва Воситаҳои Ахбори Умум ширкат дошта бо иштироккунандагони Бизнес миссияи вилояти Твери ФР вохӯриҳои  судманд гузарониданд.

Илова бар он дар чаҳорчубаи баргузории чорабинӣ аз ПСС ҶТ барои меҳмонон чандин вохӯриҳо дар корхонаву ширкатҳо ташкил карда шуд.

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL