Табрикнома!
Мӯҳтарам Ҳамкорон, Собиқадорон ва Аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи Шумоёнро бо Иди касбӣ – яъне рӯзи таъсисёбии Палата аз самими қалб табрик менамоем!
Таърихи ҷадиди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибистиқлолӣ ва рушди кишвар пайвандӣ дорад. Ин давра барои Палата ҳамчун давраи қабул намудани қарорҳои муҳим барои рушд ва ба даст овардани муваффақияту дастовардҳои бузург ба ҳисоб меравад.
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз марказҳои шинохташудаи фаъолияти соҳибкории Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва тиҷоратро муттаҳид намуда, дар рушди он саҳм гузоштааст. Он яке аз майдонҳои бузург барои муошират миёни давлатҳо ва тоҷирон маҳсуб меёбад. Мақсади асосии Палата дар ташкил намудани шароити мусоид барои рушди соҳибкории ватанӣ, ки ба боло рафтани фазои иқтисодӣ ва иқтидори сармоягузории кишвар таъсири беандоза мерасонад, нақши муҳим мебозад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Палатаро дар рушди иқтисодиёти давлат баланд арзёбӣ намуда, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пайвандгари боэътимод ва мустаҳками байни субъектҳои соҳибкорӣ, иқтисод ва тамоми давлатҳо номидаанд.
Мо умед дорем, ки ПСС ҶТ дар кори амалӣ намудани вазифаҳои муҳими дарпешистода дар арсаи байналмиллалӣ ва ҷаҳонӣ дар қатори пешсафон дар оянда низ ҷой хоҳад гирифт.
Бо камоли эҳтиром,
Раиси Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон