Мӯҳтарам Аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон! Дӯстони азиз!

Пеш аз фарорасии моҳи шарифи Рамазон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар мулоқоти пурмуҳтаво доир намуда, дар ҳошияи он ба масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки : «Рамазон дар ҳаёти мусулмонон айёми озмоиши ирода, сабру таҳаммул ва ба камол расонидани дигар хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад».

Дар шароити имрӯза  аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохибкоронро  зарур аст, ки бо дар назардошти дастгирӣ аз талош ва иқдомҳои ватандӯстӣ ва райиятпарварии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,   моҳияти равандҳои муосирро ба наврасону ҷавонон фаҳмонем ва мардумро ба муттаҳидӣ, таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ, некиву накӯкорӣ ва амалҳои дигари хайр даъват намуда, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳким бахшем.

Дар арафаи Иди саиди Фитр аз ҳамаи соҳибкорон даъват мекунем, ки меҳру шафқати худро нишон дода, аз баланд бардоштани нарху наво  худдорӣ намуда, ба қишри ниёзманди ҷомеа, беморону барҷомондагон ва ятимону бепарасторон   кумак  расонанд.   Додани фитри рӯза  ба эҳтиёҷмандону дармондагон, савоби зиёд дорад.   

Иди саиди  Рамазонро табрик гуфта, барои ҳар яки Шумо хонаи обод, ризқи фаровон, тандурустӣ ва саодати рӯзгорро орзу менамоям.  Бигзор, сулҳу субот, оромиву осоиш, файзу баракат ва фаровонии рӯзгор дар Ватани маҳбубамон ҳамеша ҳукмфармо бошад.

Иди саиди Рамазон муборак бошад!

Бо эҳтиром,

 

Раиси Палатаи савдо ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                  Ҷамшед Ҷумъахонзода

 

 

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL