БА ТАВАҶҶУҲИ СОҲИБКОРОН, ШИРКАТҲО ВА АССОСИАТСИЯҲОИ СОҲИБКОРӢ!

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии ҷомеаи соҳибкорӣ бо назардошти таъсири пандемияи коронавирус COVID-19 ба фаъолияти соҳибкорӣ дар якҷоягӣ бо шарикон як қатор семинарҳо ва тренингҳои ройгонро дар шакли вебинар дар мавзӯъҳои зерин оғоз менамояд;

  1. Бизнес-онлайн – такони рушд;
  2. Таъсири пандемияи коронавирус ба муносибатҳои шартномавӣ;
  3. Содирот ва воридот дар заминаи пандемия аз коронавирус;
  4. Идоракунии бизнес баъд аз буҳрон.

Вебинарҳо аз 5-уми июн то 3-юми июли соли чорӣ дар як ҳафта ду маротиба (чоршанбе ва ҷумъа) аз соати 14.00 то 16.00 гузаронида мешаванд.            Барои роҳатии соҳибкорон ва бо мақсади ҷалби доираи васеи иштирокчиён, Шумо метавонед саволҳои худро тавассути паёмҳои фаврӣ тариқи VIBER, WATSAPP, ТELEGRAM ба рақамҳои зерин бифиристед (+992938449588; +9920110404) Ба тамоми саволҳои шумо коршиносон ва шарикони мо ҷавобҳои касбӣ ва ҳамчунин маслиҳатҳои муфид, хоҳанд дод. Иштирокчиён метавонанд таҷриба ва тавсияҳои худро, инчунин Бизнес идеяҳоеро, ки барои дигар соҳибкорон муфиданд, пешниҳод намоянд. Бизнес идеяҳои ҷолиб ва умедбахш бо мақсади ҷалби сармоя барои татбиқи онҳо ба шарикони рушд барои баррасӣ, пешниҳод карда мешаванд. Ба иштирокчиёни вебинарҳо сертификатҳо супорида мешаванд! Барои иштирок дар вебинарҳо Шумо бояд маълумоти зеринро (ному насаб, ҷои кор, вазифа ва мавзӯи мавриди таваҷҷӯҳи шумо) ба суроғаи почтаи электронии member.tpptj@gmail.com то соати 14.00 рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе, пешниҳод намоед ва инчунин суроғаи почтаи электронии худро, барои пайванд намудани Шумоён ба платформа, ирсол намоед.

Телефонҳо барои тамос: +992938971818

Бо эҳтиром,

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL