Кӯмаки башардӯстонаи Намояндагии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея ва ширкати “ГАИНМИГА”

Бо ташаббуси Намояндагии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассосиясияи мубодилаи иқтисодии Корея (роҳбар хонума Хонг Ҷа Юн (Hong Ja Yun)) ва Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо маблағгузории ширкати “ГАИНМИГА” (Роҳбари Gainmiga Co.,Ltd Чо Синг Аҳ (Cho Seung Ah)) дар вазъияти душвори пандемия барои мубориза бо вируси сироятии Covid-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона расонида шуд.

Маблағи 4000 доллар аз ҷониби Намояндагӣ ва 6000 доллари ИМА аз ҷониби ширкати Гаинмига бо ҳаҷми умумии маблағҳои кӯмак карда 10,000 доллари ИМА, маҳсулотҳои кӯмаккарда аз чунин чизҳо иборат мебошанд:

150 адад либоси махсуси тиббӣ, 200 адад ниқоби бисёркаратаи тиббӣ тариқи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷкистон ба беморхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда шудаанд. Боқимонда 3500 адад филтрҳо барои ниқобҳо ва 50 адад термоскани масофавии истеҳсоли Корея ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Сеул супорида шуд.

Роҳбари ширкати “Гаинмига” хонума Чо Синг Аҳ қайд кард, ки дар ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе клиникаи эстетикиро боз намояд ва оянда низ нақша дорад то пурра аз байн рафтани коронавирус кӯмакҳои худро ба беморхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонад.

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL