Ба таваҷҷуҳи аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорон, ширкатҳо ва ассосиатсияҳои соҳибкорӣ!

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи соҳибкорӣ дар заминаи таъсири пандемияи коронавирус COVID-19, вебинарро дар мавзӯъи  «Содирот ва воридот дар заминаи пандемия аз коронавирус – Таъсири пандемияи коронавирус ба муносибатҳои шартномавӣ»  баргузор менамояд.

Вебинар 10-уми июни соли 2020 соати 14-00 гузаронида мешавад.           

Ба тамоми саволҳои Шумо ҷавобҳои касбӣ ва ҳамчунин маслиҳатҳои коршиносон посух хоҳанд дод.           

Инчунин, иштирокчиён метавонанд таҷриба ва тавсияҳои худро, ҳамзамон ғояҳои тиҷоратро, ки барои дигар соҳибкорон муфиданд, мубодила намоянд.           

Идеяҳои ҷолиб ва умедбахш бо мақсади ҷалби сармоя барои татбиқи онҳо ба шарикони рушд барои баррасӣ, пешниҳод карда мешаванд.           

Ба иштирокчиёни вебинар сертификатҳо супорида мешаванд!           

Барои иштирок дар вебинарҳо Шумо бояд маълумоти зеринро (ному насаб, ҷои кор, вазифа)-ро ба суроғаи почтаи электронии member.tpptj@gmail.com то соати 16.00 рӯзи 9-уми июн, пешниҳод намоед ва инчунин суроғаи почтаи электронии худро, барои пайванд намудани Шумоён ба платформаи Zoom, ирсол намоед.           

Ғайр аз ин, барои роҳатии соҳибкорон ва бо мақсади ҷалби доираи васеи иштирокчиён, Шумо метавонед саволҳои худро, ки пас аз баргузорӣ пайдо мешаванд, тавассути паёмҳои фаврӣ тариқи viber, watsapp, телеграм ба рақамҳои зерин бифиристед (+992938449588 ва +992938971818). 

Телефонҳо барои тамос: +992938971818

Бо эҳтиром,

ПСС ҶТ

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL