Баимзорасонии Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Шӯрои кории Кореяи Ҷанубӣ – Осиёи Марказӣ

29 июни соли 2020, бо мақсади рушд ва таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ дар асоси принсипҳои баробарӣ ва манфиати мутақобила дар шакли онлайн, маросими расмии имзои Ёддошти тафоҳум миёни Палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ассотсиатсияи байналмилалии тиҷорати Корея (KITA) оид ба таъсиси Шӯрои тиҷорати Корея ва Осиёи Марказӣ, баргузор гардид. Зимни ин маросим, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон чунин қайд намуд: –
“Боварии комил дорам, ки намояндагони Палатаҳои савдо оид ба манфиатҳои воқеии ҳамкорӣ дар ин шакл бохабар ҳастанд. Ман итминон дорам, ки шакли бисёрҷонибаи ҳамкорӣ дорои дурнамои хубе мебошад, ки дар амалисозии он мо аз таҷрибаи деринаи бомуваффақияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи тиҷоративу иқтисодӣ баҳра хоҳем бурд.” Вай инчунин қайд намуд, ки ҳамкорӣ дар самти ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ натиҷаҳои мушаххас медиҳад.
Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Корея марҳилаи нав дар рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни кишварҳоямонро доро гардидаанд, ки такони он тавассути мулоқотҳои муштараки сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дода мешавад.
Бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсеаи равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо шарикони Ҷумҳурии Корея, ҷалб намудани сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак, ҷорӣ намудани маҳсулоти ватанӣ ва рушди корхонаҳои хурду миёна, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаҳои савдо ва саноати вилоятҳои Суғд ва Хатлон мулоқотҳо ва чорабиниҳоро бо намояндагони корхонаҳои Ҷумҳурии Корея барпо намудаанд
Дар натиҷаи вохӯриҳо, ҳайати соҳибкорони Кореяи Ҷанубӣ бори аввал дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон – 2017” ва форуми соҳибкорӣ бо иштироки доираи соҳибкорони зиёда аз 10 давлати ҷаҳон, ки аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст, ширкат варзиданд. Ҷониби Кореяи Ҷанубӣ намоишгоҳҳои байналмилалиро омили муҳими тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба номиданд. Инчунин, соли 2018 ҳайати тиҷоратии Кореяи Ҷанубӣ барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон-2018” ба Тоҷикистон ташриф овард.
Илова бар ин, дар як муддати кӯтоҳ мо тавонистем боздидҳои якчанд намояндагиҳои тиҷоратиро аз ҷониби намояндагони ширкатҳои бузурги Кореяи Ҷанубӣ ташкил намоем. Ҳадафи асосии ташрифи роҳбарони ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ омӯзиши имконоти сармоягузориро ба Тоҷикистон ва инчунин ба роҳ мондани робитаҳои мустақими корӣ бо ҳамкасбони тоҷик ва муайян кардани самтҳои ҳамкориҳои оянда буд. Ҳангоми сафари ҳайатҳо ба минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти як қатор корхонаҳои истеҳсолии он ҷо сафарҳо ташкил карда шуданд.
Дар охири суханронӣ Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷӯрахон аз ҳамкасбони худ даъват ба амал овард, ки тамоми имконотро барои ҳамкорӣ дар шакли бисёрҷониба истифода барем, ки дар он бояд диққати асосӣ ба муттаҳидсозии кӯшишҳои муштарак ҷиҳати ҷалби бахши хусусии Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ ба тиҷорати байналмилалӣ, сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти кишварҳои мо; татбиқи амалии барнома оид ба дастгирии фаъолияти тиҷорати содиротӣ ва омӯзонидани кадрҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт бо истифодаи механизмҳои муосир ба монанди технологияҳои IT, тиҷорати электронӣ, лизинг, технологияҳои инноватсионӣ ва кооператсияи истеҳсолӣ метавонанд калиди он бошанд. Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шакли нави ҳамкорӣ омода аст ва барои гуфтугӯ боз аст.
Маркази матбуоти ПСС Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL