Мактуби миннатдорї аз ширкати GROTTBJORN
23.06.2020 аз ҷониби ширкати GROTTBJORN Федератсияи Россия ба Роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби миннатдорӣ вобаста ба дар сатҳи баланди касби баргузор намудани Вебинар дар мавзӯи “Сармоягузорӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон тавассути ҷойгир намудани коғазҳои қимматноки (облигатсия) корхонаҳои Тоҷикистон дар Биржаи Москва” , ворид шудааст.
Хотиррасон менамоем, ки 18.06.2020 дар њамкорӣ бо ширкати GROTTBJORN Федератсияи Россия вебинар: дар мавзӯи “Сармоягузорӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон тавасутти ҷойгир намудани коғазҳои қимматноки (облигатсия) корхонаҳои Тоҷикистон дар Биржаи Москва” баргузор гардид.
Дар давоми кори вебинар, муттахасисон ва коршиносони ширкати GROTTBJORN Федератсияи Россия ва Биржаи Москва оид ба ҷалби мустақими сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон, рушди бозори қоғазҳои қимматнок дар Тоҷикистон, омӯхтани таҷрибаи пешқадами кишварҳои дунё , ибрози ақида намуда буданд.
Дар Вебинар намояндагони Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бонкҳо, ташкилотҳои молиявӣ, соҳибкорони аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда буданд.
Маркази матбуоти
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон