Варақаи иттилоотӣ оид ба фаъолияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2020

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Палата) дар нимсолаи  якуми соли 2020 (минъбад давраи ҳисоботӣ), фаъолияти худро дар доираи вазифа ва талаботҳое, ки аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оинномаи Палата ва қарору супоришҳои мақомоти роҳбарикунандаи Палата, Шӯро, Раёсат ва Нақшаи кории Палата барои соли 2020 бармеоянд, иҷро намуд.  

Бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисодии мамлакат, ҳамгироии он ба низоми хоҷагидории ҷаҳонӣ, таъмин намудани шароити мусоид барои фаъолияти ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ, таҳкими робитаҳои тиҷоратию  иқтисодӣ ва илмию техникӣ бо кишварҳои хориҷӣ, як қатор тадбирҳо амалӣ гардонида шуд.

Палата, ҳамчун Оператори миллӣ, дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалии “ЭКСПО 2020” дар ш. Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

Айни замон, ҷихати омодагӣ ва иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Намоишгоҳи  байналмилалии  «ЭКСПО – 2020»  дар шаҳри  Дубайи  Амороти Муттаҳидаи Араб,  корҳои омодагӣ тибқи нақша идома доранд.

Ташкил ва гузаронидани намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳои молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони дохилӣ ва хориҷӣ, ҳамчун муҳимтарин самти  фаъолияти Палата ба ҳисоб меравад.

Дар давраи ҳисоботи дар ҳамкорӣ бо ширкату корхонаҳои ҷумҳурӣ 12 намоишгоҳҳо гузаронида шудааст, аз он ҷумла Палатаи марказӣ 5, Палатаи вилояти Хатлон 4, Палатаи вилоятии Суҳд 3.

Қайд намудан ба маврид аст, ки “Намоишгоҳи универсалии Тоҷикистон 2020” бо сабаби мушкилоти дар пеш омадаи ҷаҳонӣ ва пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба таъхир гузошта шуд.

Палата бо дастгирии Лоиҳаи тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблаѓгузорӣ мешавад, иштироки ширкатҳои ватаниро дар Намоишгоҳи 27-уми байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокӣ ва барои истеҳсоли ашёи хом “ПродЭкспо-2020”, ки дар Маркази намоишгоҳии “Экспоцентр”-и шаҳри Маскави Федератсияи Русия аз 10 то 14 феврали соли 2020 баргузор гардид, таъмин намуд. “ПродЭкспо-2020” бузургтарин намоишгоҳи байналмилалии озуқаворӣ ва нӯшокиҳо дар Русия ва Аврупои Шарқӣ ба ҳисоб рафта, дар он зиёда аз 2600 молистеҳсолкунанда аз 70 мамлакати ҷаҳон, аз ҷумла Белорусия, Гурҷистон, Туркия, Федератсияи Росия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳиндустон, Олмон, Чин, Ҳолландия, Ӯзбекистон, Уругвай ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон ширкат намуданд.

Дар намоишгоҳи мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 10 ширкат  истеҳсолкунандагони нӯшокиҳои ташнашикан ва ошомиданӣ, меваҳои хушк, лимӯ, мева ва сабзавоти консервшуда аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Суѓд, Хатлон ва ВМКБ ширкат варзиданд.

Бо назардошти ба эътидол омадани вазъи эпидимиологӣ дар ҷаҳон, Палата ташкили Намоишгоҳи байналмилалӣ-универсалии Тоҷикистон-Тирамоҳ 2020 ва ҳамчунин бо мақсади муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ дар намоишгоҳҳои хориҷи кишвар ташкили гушаи молу маҳсулоти ватаниро дар якчанд намоишгоҳҳои хориҷи кишвар аз ҷумла Россия, Белоруссия, Чин, Қазоқистон, Туркия, Амороти муттаҳидаи Араб,  ба нақша гирфитааст.

Бо мақсади васеъ намудани муносибатҳои дуҷонибаи мутақобиланд судманд дар шаш моҳи соли ҷорӣ роҳбарияти Палата бо як қатор намояндагони корпусҳои дипломатӣ, намояндагони институтҳои молиявӣ аз он ҷумла: бо Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби  Вираҷ Сингх, намояндагони тиҷоратии байналмилалӣ (ITC), Раиси Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия ҷаноби Ҷаҳонгир Фикрӣ Саатчиоѓлу, Президенти Палатаи савдо ва саноати Олтой ҷаноби Чесноков Борис Анатольевич, Роҳбари Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидеки Танабэ, намояндагони Агентии Ҷопон дар Токио, ҳайати Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳо байналмиллалӣ (GIZ), ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Исломии Покистон, Роҳбари Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Петерс Олтерс ва бо дигарон вохӯриҳо баргузор намудаанд.

Ҷиҳати фаъол гардонидани муносибатҳои корӣ бо роҳбарон ва намояндагони палатаҳои давлатҳои хориҷӣ, сафоратҳо, ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону тоҷирони давлатҳои хориҷӣ, роҳбарон ва кормандони палатаҳои марказӣ ва вилоятӣ дар нимсолаи  якуми соли 2020 – 50 вохӯриҳо гузаронида шуда, дар ташкил намудани 7 форуми доираҳои соҳибкорӣ, 9 конференсияю семинарҳо, 13 мизҳои мудаввар, иштирок намуда, бо рӯзноманигорон 12 маротиба вохӯриҳо доир карда шуд. 

Ҷиҳати шиносоӣ  аз навигариҳои технологияи муосири истеҳсолӣ ва пайдо намудани шарикони ҳамкор бо мусоидати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи сипаригашта зиёда аз 81 нафар соҳибкорони ватанӣ аз намоишгоҳҳои хориҷӣ дидан намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ 2 Бизнес-форум бо Палатаҳои минтақавии Ҷумҳурии Олтой ва вилояти Твери Федератсияи Россия ташкил карда шуд, ки дар чорабиниҳои мазкур аз ҳарду ҷониб зиёда аз 100 соҳибкорон ишитрок намуданд.

Ҳамчунин, аз ҷониби Палата 2 созишномаи ҳамкорӣ бо Фонди дастгирии рушди сармояи венчурӣ барои субектҳои соҳибкории хурду миёна дар соҳаи илмӣ – техникӣ ва ҶДММ «Центр деловых коммуникации»-и вилояти Твери Федератсияи Россия баста шуд.

Инчунин, дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» дар назди Палата Арбитражи байналхалқии тиҷоратӣ таъсис ва фаъолият дорад ва аз ҷониби Гурӯҳи корӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ” дар таҳрири нав омода карда шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равон гардид. Ҳайр аз ин, корҳои иттилоотонии бахши хусусӣ дар ин самт ба воситаи сомонаи Палата мунтазам давом дода шуда истодааст.

Дар ин давра, як қатор корҳои омодагӣ ҷиҳати ташаккул ва рушди институти Медиатсия дар ҷумҳурӣ амалӣ карда шуд.

Имрӯз дар давлатҳои хориҷи дуру наздик 6 намояндагиҳои Палата фаъолият намуда, ба рушди робитаҳои мутақобилаи иқтисодӣ ва тиҷоратии ин давлатҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд. Дар солҳои минбаъда Палата кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки намояндагиҳои худро дар кишварҳои Япония, Олмон, Белоруссия, Россия, Амрико ва дигар давлатҳои калидӣ дошта бошад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар самти фаъолият бо аъзоён Палата як қатор чорабиниҳо амалӣ карда шуд.

Аъзоён ба ҳама чорабиниҳое, ки аз ҷониби Палата гузаронида мешаванд, ба таври васеъ ҷалб карда шуда, маводҳои зиёди иттилоотӣ оид ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ, ҷорӣ намудани навигариҳои илму техника, пешниҳодҳои тиҷоратӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, дарёфт намудани шарикони ҳамкор дастраси онҳо гардонида мешаванд. Бо дастгирӣ ва кӯмаки Палата иштироки намояндагони ширкату корхонаҳои ҷумҳурӣ дар намоишгоҳҳо ва семинару конференсияҳое, ки дар хориҷи кишвар баргузор мегарданд, таъмин карда мешавад.

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба аъзогии Палата 116 корхонаю ташкилотҳои нав ҷалб карда шуда, шумораи умумии онҳо ба ҳолати 1 апрели 2020 сол ба 774 адад расонида шудааст. Аз он ҷумла ш. Душанбе ва тобеъ-306, вилояти Суҳд -237, Хатлон-208 ва ВМБК-23.

Бо мақсади ҷалб намудани корхонаю ташкилотҳо ва  соҳибкорон ба аъзогии Палата, ба суроҳаи онҳо бештар аз 397 адад маводҳои иттилоотӣ ва тиҷоратӣ фиристода шудааст.

Илова бар ин, хизматрасонии нави ройгон аз қабили машварат дар самти ҳуқуқ ва самти андоз барои аъзоёни Палата ҷорӣ карда шуд.

Ҳамчунин аз ҷониби Палата бо мақсади дастгирии соҳибкорон хизматрасонии ройгон (Тамоси телефонии фаврӣ-Горячая линия) бо назардошти мушкилиҳои ба миён омада вобаста ба пандемияи коронавирус ва таъсири он ба фаъолияти соҳибкорӣ ҷорӣ карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба шӯъбаи умумии Дастгоҳи марказӣ ва палатаҳои вилоятӣ 1288 адад мактубҳо ва дархостҳо ворид гардидааст. Аз он ҷумла аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 318 адад ворид шудааст. Ба ҳамаи мактубҳо, аз ҷумла мактубҳои назоратӣ, саривақт ҷавоб гардонида шудаанд. Дар ин давра 952 мактуб, иттилоъ ва дархостҳо  ба унвони Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҳукуматҳои вилоятҳо, вазорату кумитаҳо, ташкилотҳои дигари ҷумҳурӣ ва аъзоёни Палата фиристода шудаанд.

Дар ин давра  ба содироткунандагони молу маҳсулоти ватанӣ  7509 шаҳодатномаи кишвари баромади мол дода шудааст, аз ҷумла аз ҷониби Дастгоҳи марказии Палата – 2200 адад, Палатаи вилояти Суҳд – 3419 адад ва Палатаи вилояти Хатлон – 1890 адад.

Дар ин давра кормандони Палата дар чандин семинару мизҳои мудаввар ва дар кори гурӯҳҳои корӣ, ки аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ташкил карда шудаанд иштирок намуда, пешниҳодҳои мушаххаси худро дар масъалаҳои дастгирии соҳибкорӣ, лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав, лоиҳаи Қонун дар бораи Арбитражи байналмиллалии тиҷоратӣ, пешниҳод намудаанд.

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва шарикони рушд бо мақсади дастгирӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи соҳибкорӣ дар заминаи таъсири пандемияи коронавирус COVID-19,   моҳҳои апрел – июни соли 2020, зиёда аз 20 вебинар  дар мавзӯъҳои гуногун аз ҷумла:

-Бизнес-онлайн – такони рушд;

-Таъсири пандемияи короновируси  COVID 19  ба муносибатҳои  шартномавӣ;  Амалиётҳои воридотӣ  ва  содиротӣ дар давраи  пандемияи короновируси  – COVID 19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Идоракунии бизнес  баъд аз буҳрон; Шиносоӣ бо Медиация;

-Содироти маҳсулоти кишоварзии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар соли 2020;

-Сармоягузорӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон тавасутти ҷойгир намудани коѓазҳои қимматноки (облигатсия) корхонаҳои Тоҷикистон дар Биржаи Москва ва ғайра баргузор намуд.

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL