Нишасти матбуотии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо васоити ахбори умумӣ.

15 июли соли 2020 соати 15:30 дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи нишасти матбуотӣ, вохӯрии раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумахонзода Ҷамшед Ҷӯрахон бо намояндагони васоити ахбори умум баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ ҳисоботи кӯтоҳ оид ба фаъолият ва натиҷаҳои кори Палата дар нимсолаи аввали соли 2020, инчунин, нақшаҳо барои нимсолаи дуюми сол пешниҳод карда шуд.

Аз тарафи намояндагони васоити ахбори умум саволҳо вобаста ба муаррифии маҳсулоти ватанӣ дар бозори љаҳонӣ, фаъолияти намоишгоҳӣ, инчунин, тадбирҳо дар самти дастгирии соҳибкорон – узви Палата дода шуданд.

Қайд карда шуд, ки дар давраи ҳисоботии гузашта аз тарафи Палата оид ба муаррифӣ ва таблиғи маҳсулоти ватанӣ дар намоишгоҳи байналмилалӣ, инчунин, таъмини иттилоотии аъзои Палата корҳои муайяне амалӣ гардид.

Мутаассифона, бо сабаби пандемияи COVID-19 ва таъсири он ба тамоми соҳаҳои ҳаёт, баъзе чорабиниҳо, аз ҷумла Намоишгоҳи байналмилалии “Тоҷикистон – баҳор 2020” ва Намоишгоҳи умумиҷаҳонии “ЭКСПО-Дубай 2020” то охири сол ва соли оянда мутаносибан, мавқуф гузошта шуданд.

Новобаста ба вазъи мураккаби кунунӣ, хусусан паҳншавии глобалии коронавирус ва таъсири он ба тиҷорат, Палата тавонист фаъолияташро ба шароити нав мутобиқ гардонида, тамоми захира ё иқтидори худро баҳри дастгирии соҳибкорон – аъзоёни Палата равона созад.

Аз ҷумла, реҷаи кории тамоси фаврии онлайнӣ роҳандозӣ гардида, беш аз 20 вебинар дар мавзӯҳои мухталиф гузаронида шуд.

Дар баробари ин, таъминоти иттилоотии доираи соҳибкорон љоннок карда шуд.

Бо дастгирии шарикони рушд, хусусан USAID, ITС ва GIZ як қатор чорабиниҳо барои дастгирии соҳибкорон гузаронида шуд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо баргузории вебинарҳо идома ёфта, инчунин онлайн – намоишгоҳи маҳсулоти ватанӣ барои бозори байналмилалӣ пешбинишуда ташкил карда мешавад.

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL