Муроҷиати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар

Ҳамватанони азиз!

Тавре ба хамаи Шумо маълум аст, муддати чанд соли охир таввасути ба истифода додани иншооти нави соҳаи энергетика мушкилиҳои мардум оид ба таъмин ба қувваи барк осон гардида истодааст. Дар давраҳои оғози истиқлолият солҳое буданд, ки сокинони Тоҷикистон дар як шабонаруз ҳамаги ду соат барқ мегирифтанд, вале аз 14 январи соли 2017 мо маҳдудияти таъмини неруи барқро пурра бардоштем ва то имруз мардуми Тоҷикистон 24 соат бо неруи барқ таъмин мебошанд. Гармшавии иқлим ва қариб 50 фоиз кам будани ҳачми боришоти барф, ки дар таърихи Тоҷикистон бори аввал ба вуҷуд омад, боиси он гардид, ки имрузҳо об дар маҷрои дарёи Вахш 800 метри мукааб, яъне 50 фоиз кам аст. Ҳамин аст, ки имрузҳо дар обанбори Норак захираи об нисбат ба соли гузашта 17 метр кам аст. Дар кишвар 50 фоизи барқи истеҳсолшударо аҳоли истифода мебарад. Бо ҳамин максад Ҳукумати чумҳури ба мардуми кишвар муроҷиат карда, хоҳиш менамояд, ки танҳо ба хотири захира кардани об дар обанбори Норак барои фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода маҳдудияти интиқоли барқро, ки аз ҷониби Ширкати «Барқи Тоҷик» чори карда мешавад, дуруст дарк намоянд. Мо имруз ҳатто маҷбур шудем, ки новобаста аз шартномаҳои байнидавлати, интиқоли барқро ба Ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Афғонистон қатъ намоем. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи сокинони кишвар муроҷиат мекунад, ки вазъятро дуруст фаҳманд ва ин ягона роҳест, ки метавонад моро дар фасли зимистон аз мушкили раҳонад. Бо дар назар доштани вазъияти боамаломада ҳар як шаҳрванд, ҳар оила, тамоми ташкилоту муассисаҳо ва ширкату корҳонахо сарфи назар аз шакли моликият, бояд истифодаи сарфакоронаи барқро таъмин намоянд. Мардуми мо хуб медонанд, ки фасли зимистон нисбат ба тобистон мушкилоту сахтиҳои худро дорад. Яъне мо имруз метавонем бо истифодаи сарфакоронаи неруи барк обанборро пур намоем ва мушкилоти фаслҳои тирамоҳу зимистони дарпешистодаро пешгири кунем. Ҳукумати мамлакат ба маълумоти мардуми шарифи Тоҷикистон мерасонад, ки тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст, то ки сокинони кишвар дар фасли тирамоҳу зимистон азият накашанд.

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL