Иштироки Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конференсияи XXXI-уми ғайринавбатии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур.
Барои дастгириҳои пайваста ва амалӣ намудани чораҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши пандемияи коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд Раиси ташкилоти ибтидоии «Пайвандгар»-и Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон санаи 18-уми августи соли 2020 дар Конференсияи XXXI ғайринавбатии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, ки дар толори Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид бо Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, сарфароз гардонида шуд.