Иштирок Ҷумахонзода Ҷамшед ба 5-умин Вохӯрии байналмилалӣ иштирокчиени EXPO-2020
24-уми августи соли 2020, 5- умин Мулоқоти иштирокчиени байналмилалии «EXPO-2020» кори худро огоз намуд. Ин аввалин мулоқоте буд, ки тавассути фосилавӣ (онлайн) баргузор гардида истодааст.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ : Вазири корҳои хориҷии АМА – Шайх Абдулло бин Заед Ал Нахаен ( H. H Sheikh Abdullah Bin Zayed Al Nahyan), котиби Генералии Бюрои Байналмилалии Намоишҳо (The Bureau International des Expositions (BIE)) – Димитрий Керкентзес, Вазири таҳаммул ва хамзистии АМА, Комиссари генералии «EXPO 2020» Дубай,(His Excellency Sheikh Nahayan Mabarak Al Nahayan Minister of and Tolerance Coexistence, Commissioner General of Expo 2020 Dubai) – Шайх Нахаен бин Мурсӣ Ал Нахаен; Президенти Департаменти авиатсияи граждании Амороти Дубай, Раиси Фурудгоҳи Дубай, директори иҷроия ва президенти The Emirates Group, Раиси Олии кумитаи «EXPO 2020» Дубай, ( His Highness Sheikh Ahmed bin Saeed Al Maktoum President, Dubai Civil Aviation Authority. Chairman, Dubai Airport. Chairman and Chief Executive, Emirates Airline and Group. Chairman of Expo 2020 Dubai Higher Committee) – Шайх Аҳмад бин Саид Ал Махтум; Вазири Давлатии оид ба ҳамкории байналмилалии АМА, директори Генералии «EXPO 2020» Дубай (H. E Reem Al Hashemi – Director General of Expo 2020 Dubai, Minister of State for International Cooperation ) – Хонум Рум Ал Хашеми, иштирок ва сухани шодбошӣ намуданд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Раиси палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссари Генералии Экспозитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмиллалии «EXPO 2020» – Ҷамшед Ҷумъахонзода дар кори мулоқоти фосилавӣ (онлайн), низ иштирок намуданд.
Чорабинии фосилавӣ (онлайн) аз 24 то 27-уми августи соли чорӣ баргузор гардида, яке аз марҳилаҳои асосӣ оид ба омодагӣ ба гузаронидани намоишгоҳи Умумиҷаҳонии «EXPO 2020» Дубай ба шумор меравад.
Дар ин чорабинии чаҳоррӯза беш аз 500 иштирокдорон – намояндагони кишварҳои иштироккунандаи “ЭКСПО-2020”, зиёда аз 180 давлатҳои ҷаҳон ширкат меварзанд, ки як навъ нуқтаи назоратӣ барои ташкилкунандагони бузургтарин лоиҳаи намоишгоҳ дар ҷаҳон мебошад.
Дар ҷараени кори вохурии фосилавӣ ( онлайн) иштирокчиени байналмилалии Намоишгоҳи «EXPO-2020» масъалаҳои сохтмон ва иҷораи павилионҳо, таҷҳизонидан ва ҷобаҷогузории экспонатҳои намоишгоҳ, навсозии сомонаҳо ва принсипи кори онҳо, амният, ба қайдгирии кормандон ва меҳмонон, идоракунии павилионҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва тиҷоратӣ, гузаронидани Рӯзҳои Миллӣ, фаъолияти гӯшаҳои тиҷоратӣ, гузаронидани намоишгоҳҳои виртуалӣ, масъалаҳои вобаста ба такдими тӯҳфаҳои хотиравӣ ва армуғонҳо, муарифии хӯрокҳои миллӣ ва нӯшокиҳо, мавриди муҳокима қарор дода мешавад.
Мулоқоти иштирокчиени байналмилалии Намоишгоҳи байналмилалии «EXPO-2020» дар давоми чор рӯз то 27 августи соли 2020 тарики фосилавӣ (онлайн) кори худро идома медиҳад.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ.