Муаррифии (Презентатсия)-и тадқиқоитии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид: “Арзёбии таъсири COVID-19 ба хоҷагӣ ва корхонаҳои хурд ва миёна (аз ҷумла,соҳибкории инфиродӣ) дар Тоҷикистон”.
Санаи 18 августи соли 2020, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон дар онлайн-муаррифӣ (Презентатсия) оид ба натиҷаҳои тадқиқоти баҳодиҳии таъсири COVID-19 ба хоҷагҳо, корхонаҳои микро, хурд ва миёна (аз ҷумла соҳибкории инфиродӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби “Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид” ташкил ва баргузор шуд, иштирок варзиданд.
Мақсади ин вохӯрӣ, пешниҳоди натиҷаҳои қаблии баҳодиҳӣ, муҳокима ва тасдиқи хулосаҳо бо ҷонибҳои манфиатдори давлатӣ, бахши хусусӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд бо дар назардошти таъсири манфии пандемия ба иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад.
Палатаи Савдо ва Саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешниҳоди рӯйхати пурсидашудагон ҳамчун шарик баромад намуд. Дар доираи муаррифии (Презентатсия) натиҷаҳои таъсири пандемия ба фаъолияти бахши хусусӣ ва инчунин чӣ гуна ин баҳодиҳӣ имкон дод, ки миқёси таъсири эпидемия ба фаъолияти хоҷагиҳо ва соҳибкорони осебпазир дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла муайян кардани имконот ва таҷрибаҳои мутобиқшавӣ ба шароити нав, беҳбуд бахшидани вазъи ҷомеаи соҳибкорӣ ва дастгирии тиҷорати хурду миёна дар давраи пандемия ва баъд аз он пешниҳод карда шуд. Рафти арзёбӣ БРСММ тақрибан 700 намояндаи корхонаҳои хурду миёна, соҳибкорони инфиродӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ аз тамоми минтақаҳои кишварро фаро гирифт ва палатаи савдо барои баргузор намудани пурсишҳо ҳамчун шарики ҳамкор низ корбарӣ намудааст.
Дар ҷараёни онлайн-муаррифӣ тамоми нозукиҳои пурсиш баррасӣ шуданд ва оид ба ин таҳқиқот саволҳои иловагӣ дода шуданд.