Видеоконференцияи вазорату идораҳо ва доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия
14 сентябри соли 2020 Видеоконференция вазорату идораҳо ва доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид. (тавасути https://zoom.us).
Ташкилкунандагони Видеоконференция Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия, Шурои соҳибкорони Туркия – Тоҷикистон, Шурои робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркия (DEIK) мебошанд.
Дар Видеоконференцияи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия – Раҷабиён Маҳмадалӣ Давлатшо, Муовини Вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода, Муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарафҷон Шерализода, Муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Одил Сангов, ва намояндаи КВД “Тоҷинвест” Сахи Диловаров, аз ҷониби Туркия Муовини Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Туркия Гонҷа Йилмаз Батур, Раиси Шурои робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркия (DEIK) Наил Олпак, Раиси Шурои соҳибкории Туркия – Тоҷикистон Ҷиҳангир Саатчиоглу иштирок ва дар ҷаласаи умумӣ суханронӣ намуданд.
Бо мақсади рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ, ҷалби технологияҳои нав, рушди содирот ва табодули таҷриба, дар Видеоконференция самтҳои зерин мавриди муҳокима қарор дода шуданд: Кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ, Саноати Нассоҷӣ , Сохтмон ва энергетика.
Сипас тибқи барномаи Видеоконференция дар бахшҳои алоҳида (В2В) оид ба ҳамкориҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ ва хурока, насоҷӣ, сохтмон ва энергетика зиёда аз 180 нафар соҳибкорони Тоҷикистон ва Турция ширкату корхонаҳо, маҳсулотҳои ба содиротнигаронидашударо муарифї намуда, оиди маводҳои зарурии истеҳсолї ва технологї дархостҳои тиҷоратӣ фиристонданд.
Маркази матбуоти ПСС