ҶАЛАСАИ 3-ЮМИ ШӮРОИ КОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

Дар доираи сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади татбиқи бандҳои Протоколи ҷаласаи шашуми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон  санаи 29 сентябри соли 2020, ҷаласаи 3-юми Шӯрои кории Тоҷикистону Ӯзбекистонро бо иштироки зиёда аз 70 нафар соҳибкорон, ва аъзоёни  Шӯрои кории ду кишвар баргузор намуданд.

Рушди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки таърих ва фарҳангӣ монанд дорад, инчунин манфиатҳои тарафайн дар асоси принсипҳои ҳамсоягии нек асос ёфтааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии ду кишвар мебошад.

Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Узбекистон 11 октябри соли 2017 дар шаҳри Тошканд таъсис ёфтааст ва як сохтори ғайриҳукуматӣ мебошад, ки бо мақсади тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, барқарор намудани робитаҳои мустақим ва муколамаи байни доираҳои тиҷоратӣ ва молиявӣ, инчунин мусоидат намудан ба таблиғи амалии лоиҳаҳои дуҷониба намояндагони ҷамъияти тиҷоратии ду давлатро муттаҳид менамояд. Шӯроҳои миллиро мутаносибан  раисони Палатаҳои савдо ва саноати ду кишвар роҳбарӣ менамоянд.

Хусусияти кори Шӯрои соҳибкорон дар се соли охир иштироки фаъолонаи намояндагони сохторҳои тиҷоратии ду кишвар ва иштироки онҳоро дар чорабиниҳои таҳти сарпарастии Шӯрои соҳибкорон фаъол гардидааст.

Дар ин замина, бо истифодаи пурраи имкониятҳои ин сохтор, ки барои мусоидат ба намояндагони тиҷоратии ду кишвар дар ҳалли саривақтӣ ва касбӣ ба масъалаҳое, ки ба фаъолияти онҳо монеагӣ мерасонанд, аҳамияти калон дода мешавад.

Дар доираи ин чорабинӣ ҷониби Тоҷикистон таваҷҷӯҳ ва дастгирии сармоягузорони хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд. Дар ин замина, ба ҳайати доираҳои тиҷоратии Ӯзбекистон дар бораи имтиёзҳо, афзалиятҳо ва имкониятҳои ташкили корхонаҳои муштарак дар қаламрави кишвар, инчунин дар ҳудуди Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо барои сармоягузорони хориҷӣ афзалиятҳо ва имтиёзҳои хуб таъмин карда шудааст, иттилоъ дода шуд.

Пас аз натиҷаҳои ҷаласаи 3-юми Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон байни Палатаҳои минтақавии Суғду Хатлон ва Раёсатҳои минтақавии вилоятҳои Тошканд ва Фарғона созишномаҳо оид ба ҳамкорҳои мутақобила ба имзо расонида шуд.

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

 

 

 

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL