Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Санаи 29 сентябри соли 2020, дар доираи сафари Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Палатаҳои савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  баргузор гардонида шуд.

Дар Бизнес-форуми мазкур аз ҳарду ҷониб тақрибан 300 нафар иштирокчӣ аз ҷумла соҳибкорон, роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилотҳо, ассотсиатсияҳои соҳибкорон, инчунин намояндагони бахши хусусии ду кишвар, ширкат варзиданд.

Роҳбарони мақомоти давлатӣ, Палатаҳои савдо ва саноат ва намояндагони бахши хусусӣ бо маърӯзаҳо ва рунамоҳо баромад намуданд.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷамшед Ҷумъахонзода дар суханрониҳои худ диққати ҳозиринро ба кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон ва дастгирии соҳибкорон ҷалб намуда, ҳамчунин нақши Палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои якдигарро дар рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвар, аз ҷумла дастгирӣ ва барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ қайд намуд.

Инчунин, дар рафти Бизнес-форум соҳибкорони Ӯзбекистон дар бораи имкониятҳои сармоягузорӣ, фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, дурнамо ва афзалиятҳои ташкили истеҳсолот, аз ҷумла тавассути таъсиси корхонаҳои муштарак маълумот доданд.

Қайд гардид, ки имконоти мавҷудаи афзоиши табодули мол миёни ду кишвар пурра истифода намешаванд ва барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда, бояд кӯшиш намуд.

Иштирокчиёни Бизне-форум қайд намуданд, ки ба туфайли ирода ва саъю кушишҳои Президентҳои ҳарду кишвар, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, мӯҳтарам Мирзиёев Шавкат Мирамонович, дар муддати кӯтоҳ кишварҳо ба сатҳи баланди равобит ва нишондиҳандаҳо дар ҳама соҳаҳо, хусусан дар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ расиданд.

Ҳамзамон, дар доираи Бизне-форум Протоколи ҷаласаи сеюми Шӯрои кории Тоҷикистону Узбекистон миёни раисони Палатаҳои савдо ва саноати ҳарду кишвар, инчунин 15 созишнома дар бораи ҳамкории мутақобилан судманди байни сохторҳои давлатӣ ва хусусии кишварҳои якдигар ба имзо расонида шуданд.

Пас аз ба охир расидани қисми расмии Бизне-форум мулоқоти дуҷонибаи соҳибкорони ду кишвар дар формати B2B баргузор гардид, ки дар натиҷаи ба мувофиќа омадани тарафҳо  санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL