ВОХӮРИИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РОҲБАРИ АГЕНТИИ ТУРКИЯ ОИД БА ҲАМКОРӢ ВА ҲАМОҲАНГСОЗӢ (TIKA) ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба санаи 02 октябри соли 2020 Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон  бо Роҳбари нави Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (TIKA) муҳтарам Ибраҳим Эрбир дар Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор намуд.

Сараввал Ҷумъахонзода Ҷамшед Роҳбари нави TIKA дар Тоҷикистон ҷаноби Ибраҳим Эрбирро бинобар ба вазифаи нав таъин шуданашон табрик намуда, дар фаъолияти минбаъда мувафақиятҳо таманно намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар хусуси амалигардонии лоиҳаҳои минбаъда изҳори назар намуда, дар бораи рушд ва такмили ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ сӯҳбат намуданд. Инчунин, ҷонибҳо дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба баргузории Намоишгоҳи молу маҳсулоти ширкатҳои туркӣ дар Тоҷикистон баъд аз эътидол омадани вазъ ба тавофуқ расида, Раиси Палатаи савдо  саноат қайд карданд, ки Палатаи савдо ва саноат омодааст барои дар сатҳи баланди касбӣ гузаронидани чорабинии мазкур дар доираи ваколатҳои худ ҳамаҷониба мусоидат намояд.

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL