Рузи соҳибкорон муборак!

Муҳтарам соҳибкорон, ҳамкорон ва шарикон!

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 14 октябр иди касбӣ  рузи соҳибкорӣ эълон гардида, ҳамасола дар кишвар қайд мегардад.

Иҷозат фармоед ҳамаи  шуморо аз номи Палатаи савдо ва саноат бо рузи соҳибкорон, табрик намоям.

Албатта, соҳибкорӣ  заҳмати зиёд, масъулият, маҳорат  ва истеъдоди баландро талаб менамояд.

Боиси зикр аст, ки имруз соҳибкорӣ  омили муҳими  рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар гардида, барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва пешрафти ҳаёти ҷомеа яке аз нақшҳои асосиро мебозад.

Бо ташкили корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои корӣ, истеҳсоли молу маҳсулот ва хизматрасонии босифат,  саҳми соҳибкорони кишвар дар баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва ободонии ватани азизамон назаррас мебошад.

Дар доираи дастгирии давлатии соҳибкорӣ, имрўз аз ҷониби Ҳукумати кишвар як қатор барнома ва воситаҳои гуногуни дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорӣ амалӣ гардида истодааст.

Дар навбати худ, Палатаи савдо ва саноат дар амалишавии барномаҳои мазкур иштирок намуда, ҷиҳати дастгирии ҳамагуна фаъолияти соҳибкорӣ, ташаббус ва лоиҳаҳои тиҷоратӣ фаъол мебошад.

Боварии комил дорам, ки бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар дар самти дастгирии соҳибкорӣ, ташаббус ва кушишҳои якҷояи мову шумо, шумораи соҳибкорони муввафақ зиёд гардида, бахши мазкур минбаъд низ рушд меёбад.

Бори дигар шумо соҳибкоронро бо иди касбиатон табрику таҳният намуда, ба ҳамаи шумо саломатии бардавом, муввафакият, рузгори обод, амалишавии ҳамаи ташаббус ва лоиҳаҳи тиҷоратиатонро таммано дорам!

Бо эҳтироми самимӣ,

Раиси Палатаи савдо ва саноат

Ҷумъахонзода Ҷамшед

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL