16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имруз дар толори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон ҳозиринро бо ин санаи мӯҳим табрик намуда дар суханронии худ қайд намуданд, ки ҳамасола 16 ноябр тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” Рӯзи Президент, муайян карда шудааст.
Зимни суханронӣ, аз таърихи навини кишвар, ҳодисаҳои нангини солҳои 90, кушишу талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ ва барқарор намудани сулҳ дар кишвар ва инчунин барқарорсозии иқтисодиёти мамлакат ёддоварӣ карда шуд.
Қайд гардид, ки ҳама дастовардҳои муҳими соҳаҳои мухталифи ҷомеаи кишвар ба номи Президенти маҳбуби кишвари азизамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт дорад.
Маҳз меҳнату заҳмат ва талошҳои шабонарузӣ, сиёсати хирадмандонаи ин абармарди миллат дар арсаи байналмиалӣ обруи давлату миллати тоҷиконро дар саросари дунё баланд бардошт.
Бо назардошти хизматҳои шоиста баҳри эҳёи давлати тоҷикон, барқарор намудани сулҳ, сарҷамъ кардани миллати тоҷик ва ваҳдати мардум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони “Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат”-ро сазовор гардиданд.
Бинобар ин, барои мо ҳаёту хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун намунаи олии ватандӯстӣ, хизмат ба Ватан ва ҷомеа, вафо ба қавлу амал мебошад.
Ин буд, ки санаи 11 октябри соли равон дар чорабинии муҳими сиёсӣ— интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми кишварамон бо як ҷаҳон эътиқоду боварии калон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи Президенти кишварамон интихоб намуданд.
Дар охир бори дигар аз ҳамагон даъват карда шуд, ки доимо аз хизматҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу субботи имруза дар ватани азизамон шукргузорӣ намуда, барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол кушиш намоянд.