Санаи 17-уми ноябри соли ҷорӣ байни Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА)
Санаи 17-уми ноябри соли ҷорӣ байни Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар шаҳри Душанбе ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз ташкилотҳои калонтарин, ки зиёда аз 700 ширкату соҳибкорони хурду миёнаро муттаҳид месозад протоколи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Тибқи протоколи мазкур ТИКА ба Палата бо мақсади дастгирии фаъолияти намоишгоҳӣ, ғурфа ва дигар таҷҳизоти дахлдорро пешкаш менамояд.
Бояд қайд намуд, ки ин иқдоми ТИКА саривақтӣ ва зарурӣ буда, саҳми назаррас барои дастгирии соҳаи намоишгоҳии кишвар ба ҳисоб меравад.