НАХУСТИН НАМОИШГОҲИ УНИВЕРСАЛИИ ФОСИЛАВИИ (ОНЛАЙН) “MADE IN TAJIKISTAN – 2020”

Вазъияти кунунии ҷаҳон бо сабаби паҳншавии пандемияи COVID-19 ба ҳаёти одамони сайёра тағиротҳои азим ворид намуда, пандемия ба фаъолияти соҳибкории ҷомеа низ таъсир расонидааст. Ин ҳолат шакли баргузории чорабиниҳое, ки ба фаъолияти тиҷоратии муштарак ва сармоягузорӣ равона шудаанд, тағйир дод. Бо назардошти ин, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон аксари чорабиниҳоро тариқи фосилавӣ (онлайн) баргузор намуда истодааст. Аз ҷумла: бизнес форумҳо, мизҳои мудаввар, семинарҳо, омӯзишҳо, видеоконфронсҳо, ҷаласаҳои Шӯроҳои корӣ ва ғайра, тариқи фосилавӣ баргузор шуда истодаанд.

Дар асоси сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба дастгирии ҷомеаи соҳибкории кишвар нигаронида шудааст, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории нахустин намоишгоҳи универсалии онлайнии “Made in Tajikistan 2020”, ки гузаронидани он аз 26.11.2020 то 17.12.2020 ба нақша гирифта шудааст, иттилоъ медиҳад. Намоишгоҳи мазкур ба платформае мубаддал хоҳад шуд, ки беш аз 150 ширкат дар соҳаҳои зерин молу маҳсулот ва хизматрасониҳои худро муаррифӣ менамоянд:

  • саноати хӯрокворӣ;
  • саноати сабук;
  • сохтмон;
  • нақлиёт;
  • хизматрасонӣ;
  • ҳунармандӣ
  • сайёҳӣ.

Иштироккунандагони намоишгоҳ маълумотҳои заруриро дар бораи ширкат, намунаҳои маҳсулоти виртуалӣ, видеоҳо ва ғ. пешниҳод менамоянд. Тамоми маълумот бо забонҳои русӣ ва англисӣ пешниҳод карда мешавад.

Платформаи намоишӣ бо дастгирии молиявии шарики Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) “Мусоидат ба рушди фарогирии иқтисодиёти деҳот барои некӯаҳволии аҳолӣ (TRIGGER), ки аз номи Вазорати Федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушд амал мекунад” (BMZ)., ташкил карда шудааст.

Нахустин намоишгоҳи онлайн, барои ба бозорҳои хориҷӣ баровардани маҳсулоти истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди иқтидори содиротӣ, дарёфти бозорҳои нав, тавсеаи ҳамкориҳои ширкатҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ, инчунин ҷалби сармоя равона карда шудааст.

Дар платформаи намоишгоҳи мазкур, дигар маълумотҳои муфид ва истинодҳо барои ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла маълумот оид ба имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешаванд.   

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилкунандаи ин чорабинӣ шуморо ба боздид аз намоишгоҳи онлайнии “Made in Tajikistan” ба суроғаи зерин: www.expotajikistan.tj, даъват менамояд.

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL