Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи иштирокчиёни тиҷорати электронии Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд
4 декабри соли 2020, дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии корӣ байни Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон бо Раиси Ассотсиатсияи иштирокчиёни тиҷорати электронии Тоҷикистон Вафоев Муродҷон Саидович баргузор гардид.
Ҳадафи асосии ин мулоқот, баррасии масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо, аз ҷумла, барқарор намудани муносибатҳои шарикии байни Ассотсиатсия ва Шӯрои рушди тиҷорати электронии назди ПСС ҶТ, ки ба қарибӣ таъсис ёфтааст, буд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар бораи ҳадафҳо ва вазифаҳои Шӯро ва Ассотсиатсия табодули назар намуда, самтҳои имконпазири ҳамкорӣ ва табодули иттилоотро муайян намуданд. Бо назардошти он, ки аъзоёни алоҳидаи Ассотсиатсия аъзои Палатаи савдо ва саноат мебошанд, ҷалби Ассотсиатсия ба чорабиниҳое, ки Шӯрои рушди савдои электронӣ дар нақша дорад, мувофиқи мақсад дониста шуд.
Раиси Ассотсиатсия барои даъвати ҳамкорӣ изҳори миннатдорӣ намуда, инчунин ба ҳамоҳангсозии кор дар самтҳои фаъолияти оинномавии ҷонибҳо изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ