ВОХӮРИИ  КОРИИ РОҲБАРИЯТИ  ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РОҲБАРОНИ  ЛОИҲАҲОИ  БРСММ.

8 декабри соли ҷорӣ мулоқоти корӣ байни роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони лоиҳаҳои Барномаи Рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Парвиз Акрамов ва Фирӯз Саидҳадҷаев баргузор гардид.

Дар доираи ҷаласаи корӣ, тарафҳо дар бораи корҳои анҷомдодашуда дар соли 2020 маълумот пешниҳод намуда,  инчунин пешниҳодҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, аз ҷумла масъалаҳои дастгирии минбаъдаи  бахши хусусӣ дар заминаи пандемияи COVID 19, инчунин мусоидат ба рушди тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Дар анҷоми вохурӣ, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муҳокимаи масъалаҳо бо назардошти ташаббусҳои нав дар доираи лоиҳаҳои амалишаванда барои соли 2021 изҳор доштанд.

 

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL