Дар робита ба Протоколи баимзорасида оид ба ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА)
Дар робита ба Протоколи баимзорасида оид ба ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА), 9 декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе, ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғурфаҳои намоишгоҳӣ супорида шуд.
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар самти ташкил ва баргузории намоишгоҳҳои миллӣ ва байналмилалӣ амалӣ менамояд. Таҷрибаи бисёрсола имкон медиҳад, ки экспозицияи милли Тоҷикистон дар ЭКСПО-ҳои ҷаҳонӣ дар сатҳи баланд ташкил карда шавад. Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар ва муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои беруна, Палата мунтаззам иштироки ширкатҳои ватаниро дар намоишгоҳҳои хориҷӣ ва форумҳои байналмилалии тиҷоратии дар Тоҷикистон баргузоршаванда, ташкил менамояд.
Ин иқдоми ТИКА, саҳми назаррас дар рушди соҳаи намоишгоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ғурфаҳои намоишгоҳии тақдимшуда тақрибан 800 метри мураббаъро ташкил намуда, ба стандартҳои байналмилалии техникӣ ҷавобгӯ мебошанд.
Таҷҳизоти намоишгоҳии аз ҷониби Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ тақдимшуда, ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки сифати баргузории чорабиниҳои намоиширо беҳтар созад.
Маркази матбуоти
ПСС Ҷумҳурии Тоҷикистон