Вохурии кории Роҳбарияти ПСС ҶТ бо Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон
21 декабри соли 2020 дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кории Роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Ян-Петер Олтерс баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқоти корӣ, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷӯрахон ҷаноби Олтерсро дар бораи корҳои ҷорӣ оид ба дастгирии бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи пандемияи COVID-19 ва ташаббусҳои нави Палата маълумот дод.
Аз ҷумла, дар бораи роҳандозии “Тамоси фаврӣ” барои расонидани кӯмаки машваратӣ ба соҳибкорон дар доираи ҳамкорӣ бо лоиҳаи CTJ- USAID, баргузории нахустин намоишгоҳи универсалии онлайнии “Made in Tajikistan”, инчунин Шӯрои рушди тиҷорати электронии назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра маълумот дода шуд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муҳокимаи масъалаҳо бо назардошти ташаббусҳои нав баён карданд ва инчунин масъалаҳои марбут ба дурнамо ва нақшаҳои кории муштарак барои соли 2021-ро баррасӣ намуданд.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ