Ҳамкорон, шарикон, дӯстони гиромӣ!
Бо як ҷаҳон самимият ва эҳтиром Шуморо бо фарорасии Соли Нави мелодии 2021 аз сидқи дил табрику муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатӣ, зиндагии саршор аз меҳру муҳаббат, фараҳмандию шодкомӣ ва толеи баланд орзумандам.
Бигзор Соли Нав ба хонадони Шумо файзу баракат оварда, ба орзуҳои некатон расонад, қалбатонро аз музаффариятҳо шарафёб ва саршори шодию нишот гардонад. Дар талошҳои ҳамарӯза баҳри сарсабзиву хуррамии кишварамон бароятон фаъолияти пурсамарро таманно дорам.
Соли наватон муборак!
Бо камоли эҳтиром,
Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон