Санаи 12 январи соли 2021 ҷаласаи Шӯро ва Раёсати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Палата) дар бинои Палата баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласаи Шӯрои Палата, ҳисоботи Раиси Палата дар бораи фаъолияти Палата дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 шунида шуда, баъдан масъалаҳои ба аъзогии Палата қабул ва хориҷ намудани аъзоёни Палата ва интихоби аъзоёни Раёсати Палата ва хориҷ намудан аз аъзогии Раёсат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз ҷумла, муовини якуми Раиси Палата, Анваров Насимҷон Анварович ва Сайфиддинов Фарҳод Абдурасулович-Директори кулли Палатаи вилояти Хатлон, аъзоёни Раёсати Палата интихоб гардиданд.
Дар баробар ин, Сафарзода Сайфиддин бинобар гузаштан ба дигар вазифа аз ҳайати аъзои Раёсати Палата хориҷ карда шуд.
Баъд аз анҷоми ҷаласаи Шӯрои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи Раёсати Палата (минбаъд Раёсат) гузаронида шуд, ки дар ҷаласаи Раёсат ба сохтори Дастгоҳи марказии Палата тағйирот ворид гардида, дар заминаи Раёсати намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳои Палата, Маркази ташкили намоишгоҳҳои назди Палата, ҳамчун шахси ҳуқуқии алоҳида-зерсохтори Палата табдил ёфт. Тибқи қарори Раёсат Директори Маркази мазкур Мирсаидов Дилшод Алидҷонович тайин карда шуд.
Инчунин, зимни ҷаласаи Раёсат аъзоёни нав ба аъзогии Палата қабул гардида, Нақшаи кории Палата барои соли 2021 низ тасдиқ гардид.
Бо мақсади қадрдонӣ ва ҳавасмандагрдонии кормандони фаъоли Палата, дар ҷаласаи Раёсат, Палатаҳои вилояти Хатлон, Суғд, ВМКБ ва инчунин як қатор кормандони дастгоҳи марказии Палата барои фаъолияти софдилона ва масъулияти баланд ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ