Вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон
Санаи 17 феврали соли 2021 вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Зоҳир Ағбар, Котиби дуюм ва масъули бахши иқтисодии сафорат Абдулқодир Қосим ва намояндаи тиҷоратии Афғонистон дар Тоҷикистон Фарид Аҳмад Амирӣ дар толори Палата баргузор гардид.
Пеш аз ҳама Ҷумъахонзода Ҷамшед ҳузури ҷаноби сафир Муҳаммад Зоҳир Ағбар ва ҳамроҳони ӯро ба саъни Палата хайра мақдам гуфта, ба эшон дар роҳи фаъолияти минбаъдаашон бурдбориҳо таманно намуд.
Баъдан зимни вохӯрии мазкур, ҷонибҳо масъалаҳои рушди табодули молу маҳсулот миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати рушд ва зич намудани иртиботҳо миёни соҳибкорону сармоягузорони кишварҳои якдигар изҳори андеша ва ҳавасмандӣ намуданд.
Инчунин, дар доираи вохурӣ масъалаи ташкили намоишгоҳи муштарак, баргузории ҳамоиши соҳибкорони ду кишвар, таъсиси шурои муштараки соҳибкорони ду кишвар ва ҷалби сармояи сармоягузорони Афғонистон барои амалӣ намудани лоиҳаҳои гуногун дар қаламрави Тоҷикистон, алалхусус дар минтақаҳои озоди иқтисодии наздисарҳадӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.