Мулоқоти Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Харватия дар Қазоқистон Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон

Санаи 19 феврали соли 2021 Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Харватия дар Қазоқистон Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷаноби Рефик Шабанович ва Консули фахрии Украина дар Хорватия ҷаноби Ивика Пирич дар толори Палата мулоқот баргузор намуданд.

Қабл аз оғози муколама, Ҷумъахонзода Ҷамшед ҷаноби сафир Рефик Шабанович ва ҳамроҳи ӯро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палата хуш омадед намуда,  ба онҳо дар роҳи фаъолияти м  инбаъдаашон тамоми дастовардҳои беназирро таманно намуд.

Баъдан дар рафти мулоқот Ҷумъахонзода Ҷамшед оид ба фаъолият ва нақшаҳои ояндаи Палата дар самти баргузории намоишгоҳҳо, Бизнес-форумҳо ва дигар чорабиниҳои тиҷоратӣ ба онҳо маълумот дода, аз ҷаноби сафир Рефик Шабанович даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати иштироки ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Харватия зимни баргузории чорабиниҳои тиҷоратии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоршаванда мусоидат намоянд.    

Ҷаноби сафир Рефик Шабанович баргузории чорабниҳои зикргардидаро дар самти рушди фаъолияти бахши хусусӣ иқдомҳои нек шуморида, қайд карданд, ки барои иштироки ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону сармоягузорони харватӣ дар чорабиниҳои тиҷоратии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоршаванда, чораҷӯӣ менамоянд.

Инчунин, Ҷумъахонзода Ҷамшед дар рафти мулоқот ҷиҳати ҷалби сармояи мустақимии харватӣ ба иқтисодиёти кишвар, бунёди корхонаҳои муштарак дар ҳудуди Минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ва рушди табодули молу маҳсулот миёни кишварҳои якдигар ба меҳмонон оид ба имкониятҳои сармоягузории соҳаҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ, имтиёзҳои пешбинӣ намудаи Ҳукумати кишвар дар самти дастгирии соҳибкорону сармоягузорон ва имконоту имтиёзҳои дар Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон алалхусус Минтақаҳои озоди иқтисодии наздисарҳадӣ ҷорӣ гардида, маълумотҳои мушаххасро ироа намуданд.

Қобили қайд аст, ки зимни мулоқот аз ҷониби Тарафҳо ҷиҳати баргузории як Бизнез-Форуми онлайнӣ миёни соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Харватия изҳори андеша ва ҳавасмандӣ карда шуд.  

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL